Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Покистон аз рафъи ҳамлаи марзӣ ва кушта шудани чанд ҷангҷӯи Толибон хабар дод
Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод
Тавсияи Чин ба Амрикову Британияи Кабир: Ояндаи Афғонистон ба дасти мардумаш аст
Ҷумҳурии мардумии Чин дар пайи изҳороти мақомоти амрикоӣ дар хусуси бозпас гирифтани Пойгоҳи ҳавоии Багроми Афғонистон вокуниш нишон дод.
Лин Ҷян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки иқдомҳои танишзо бар зидди хоҳиши мардуми Афғонистон мебошад ва ояндаи кишвар бояд фақат бо иродаи худи мардуми он мушаххас гардад.
“Пекин ба истиқлолият, ҳокимият ва тамомияти арзии Афғонистон эҳтиром мегузорад ва ояндаи ин кишвар бояд аз ҷониби худи мардумаш таъйин шавад” – гуфт Лин Ҷян.
Ин мақоми чинӣ афзуд, ки ҳар гуна барангехтани муноқиша ва рӯёрӯӣ дар минтақа мухолифи манфиатҳои мардуми Афғонистон аст: “Умедвор ҳастем, ки ҳама ҷонибҳо нақши созандае барои таъмини сулҳу суботи воқеӣ дар минтақа иҷро хоҳанд кард”.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар нишасти хабарии муштарак бо Сарвазири Британияи Кабир Кир Стармер бори нахуст аз сиёсатҳои ҳукумати Байден нисбат ба Афғонистон танқид кард. Ӯ гуфт, Вашингтон барои бозпас гирифтани Пойгоҳи ҳавоии Багром омодагӣ мебинад.
Доналд Трамп аҳамияти стратегии бозпасгирии пойгоҳи Багромро ба далели наздик будан ба зарродхонаҳои атомии Чин бисёр муҳим хонд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”