Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ифтитоҳи биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносӣ
Баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони биноҳо бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгари он Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.
Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10 904 метри мураббаъ мебошад.
Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони ҷавон бо оилаҳояшон аз имкониятҳои мавҷуда, ба таври самаранок истифода намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд



