3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
17.09.2025 06:46

Шаҳрдори Лондон: Трамп оташи сиёсатҳои тафриқангез дар ҷаҳонро шиддат бахшид

Шаҳрдори Лондон дар остонаи сафари Доналд Трамп ба Британия гуфт, ки Президенти Амрико оташи сиёсатҳои тафриқангезро дар саросари ҷаҳон боз ҳам шиддат бахшидааст.

Шаҳрдори Лондон Содиқхон гуфт: “Трамп оташи сиёсатҳои тафриқаангезро дар тамоми ҷаҳон аланга медиҳад”.

Бар асоси иттилоъ, Доналд Трамп ба шаҳри Лондон сафар кард. Ин сафари дуюмини расмии ӯ баъд аз интихоб шудан ба мақоми президентӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои мухолифи сиёсатҳои Доналд Трамп дар остонаи вуруди ӯ ба Британия бо доир намудани ҷамъомад дар назди қасри шоҳии Виндзор, ки қарор аст Трамп шом дар он ҷо иқомат кунад, ҷамъомади эътирозӣ созмон доданд.

Полиси Лондан гуфт, ки рӯзи чоршанбе 50 гурӯҳи эътирозгар қарор аст дар маркази Лондон бар зидди сиёсатҳои Трамп ҷамъомад доир кунанд.

Ҳамзамон, шуморе аз донишҷӯён ва хонандагон низ ваъда додаанд, ки ба нишони эътироз ба сафари Доналд Трамп дарсҳоро тарк хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.