Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён дар Давҳаи Қатар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти изтирории сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар шаҳри Давҳа мулоқот карданд.
Ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, аз рушди мусбати робитаҳо дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тамосҳои пайваста ва мулоқотҳои мунтазам омили муҳимми густариши робитаҳо мебошанд. Сарвари кишвар ҳамчунин, аз арзишҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ёдовар шуда, онҳоро заминаи асосии мустаҳкамшавии робитаҳои ду кишвар донистанд.
Масъуд Пизишкиён дар ин мулоқот изҳор дошт, ки робитаҳои Тоҷикистону Эрон бо такя ба умумиятҳои забонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба шакли қаноатбахш рушд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фаъол шудани имкониятҳои мавҷуда метавонад ба таъмини манфиатҳои ду миллат мусоидат кунад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки ихтилофоти минтақа фақат бо ваҳдат ва ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ҳал хоҳад шуд. Ӯ гуфт “режими Исроил бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳич ҳадду марз барои ҷиноятҳои худ қоил нест ва фақат иттиҳоди кишварҳои исломӣ метавонад ин мошини кушторро боз дорад”.
Дар ҷараёни гуфтугӯ ҷонибҳо масоили байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи мураккаби Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро баррасӣ карданд. Ҳарду ҷониб зарурати андешидани тадбирҳои муштарак барои ҳифзи субот ва оромии умумиро таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён аз қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ, ки ҳалли низои Фаластин ва Исроилро дар чорчӯби усули “ду давлат барои ду миллат” дар назар дорад, истиқбол карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки роҳи асосии бартараф сохтани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон фақат музокирот ва муколама мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд