29 Сентябр 2026,
сешанбе, 16:29, Душанбе
15.09.2025 14:21

Бароти Абдураҳмон: “Дар майдони адабиёт сарбози қаторӣ ҳастам”

Имрӯз, 15-уми сентябр Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зодрӯз доранд.

Дар ин росто, бо ин нависандаи хушноми тоҷик, ки кулвори эҷодиашон пур аз асарҳои таърихиву бадест, доир ба пайраҳаи эҷоду эҷодкорӣ суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагони Doalog.tj мегардад.

ГУФТОРИ ЯКУМ:

“КОРҲОИ НОТАМОМИ ЗИЁД ДОРАМ”

- Ба 78-солагӣ расидан барои шумо чӣ маънӣ дорад?

- Шукргузорам. Шукр мекунам, ки ба ин солу рӯз расидам. Аммо корҳои нотамоми зиёд дорам, ки мехоҳам то соатҳои вопасини умрам дар болои мизи корӣ бошаму нависам. Зодрӯз барои банда рӯзи корист ва аз дигар рӯзҳо кам фарқ дорад. Сипосгузорам, ки фарзандону наберагон ҳамеша бароям меҳру меҳрубониро дареғ намедоранд.  

- Ҳар зодрӯз як навъ марҳилаи таҷдиди назар аст. Имсол бештар дар бораи чӣ андеша мекунед?

- Бештар дар бораи асарҳои нонавишта ва нақшаҳои нотамом андеша мекунам. Вақте ки маводи эҷодиро барои бойгониам гирдоварӣ мекардам ва дар дафтарҳои калон ёддошт менамудам, гумон доштам, ки рӯзе фаро мерасад ва ба болои онҳо боз гашта асарҳои тоза эҷод мекунам. Имрӯз афсӯсу дареғ мехӯрам, ки фурсати зиёдро ба гирдоварии мавод сарф карда, аз навиштан худро канор кашидам, вале сипосгузорам аз даргоҳи Яздони пок, ки ҳоло ҳам нерӯи эҷодӣ дорам ва рӯзе то 10-12 соат дар болои мизи корӣ нишаста, бори гарони заҳмати нависандагӣ мекашам.

- Агар ба гузашта нигаред, аз чӣ бештар ифтихор мекунед?

- Аз сарнавишт сипосгузорам, ки бо нависандаҳои бузург устодон Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода шарафи ҳамнишиниву шогирдӣ доштам. Эшон бандаро барои узвияти Иттифоқи нависандагон тавсия карда буданд. Дар романи “Нимароҳи аъроф” қиссаи ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданамро нигоштаам. Ҳангоме ки рӯзи охирини қабул кардан ба сафи Иттифоқ номи маро аз рӯйхат берун афканданд, ба устод Улуғзода занг задам, эшон баробари оғози маҳфил ҳамроҳи устод Ҷалол Икромӣ омаданд. Устод Улуғзода сухан пурсида, ба ситоиши асарҳои банда “Шабҳои маҳтобӣ”, “Давлати сарам, модар” пардохтанд. Суханони устодро Ҷалол Икромӣ қувват доданд. Ҳатто шоираи тавоною хушноми мо Гулрухсор бо шуру валвала бандаро пуштибонӣ намуд. Аз он ифтихор мекунам, ки дар ҳамон рӯз бо пуштибонии ин абармардон маро ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Умуман, лаҳзаҳои ифтихорӣ дар ҳаёти банда зиёданд.

- Агар имкон мебуд, кадом лаҳзаи зиндагиро дигаргун мекардед?

- Агар имкон мебуд, бештар эҷод мекардам, мехостам бештар аз ҳар кори дигар ба эҷод машғул шавам. Аз нависанда маҳз маҳсули эҷодаш ба наслиҳои оянда мемонад.

- Ба фикри худатон, бузургтарин асаратон кадом аст ё он ҳанӯз навишта нашудааст?

- Бузургтарин асарҳои нонавиштаи банда ҳамсари азиз ва фарзандонам ҳастанд. Онҳо романҳои ҳанӯз нонавиштаи бандаанд. Шояд дар ёддоштномаҳо ва хотираҳои эҷодиам ба ин асарҳои нонавишта рӯ биёрам.

- Агар зиндагии худро ба як китоб монанд кунед, имрӯз дар кадом саҳифааш қарор доред?

- Фикр мекунам, дар нимаи китоб қарор дорам, дар нимаи асарҳои нонавиштаам. Банда аз саҳифаҳои навиштаву нонавиштаи умр, дар миёни баҳору хазонҳои зиндагӣ бидуни заифноливу бечорасозӣ пеш меравам ва худро ҳамчун сарбози қаторӣ дар майдони адабиёт мепиндорам. Сарбозе, ки шамшераш қалам асту майдони набардаш варақҳои тозаи нонавишта.

ГУФТОРИ ДУЮМ:

ЗАҲМАТИ ГАРОНУ ТАЛОШИ ПАЙВАСТА

- Шумо бештар аз панҷ даҳсола дар майдони адабиёт ҳастед. Барои шумо эҷод чӣ маъно дорад?

- Эҷод кардан барои банда маънои зиндагӣ кардан ва офариданро дорад. Ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба китобхониву навиштан дилбохта будам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, аммо ба факултети журналистика дохил шуда натавонистам, вале ҳанӯз аз замони дар курси дуюм таҳсил карданам, навиштаҳоям дар рӯзомаҳо чоп мешуданд. Ва то имрӯз оташи эҷодкориву қаламфарсоӣ дар ниҳоди банда хомӯш нагаштааст.

- Оё эҷодро бештар илҳом медонед ё заҳмати пайваста?

- Нависандаи бузурги амрикоӣ Ҷек Лондон ба қаламкаши ҷавоне мактуб навишта, огоҳ месозад, ки ҳеҷ гоҳ нигарони парии илҳом нагардад, зеро нависандагӣ 99 фоиз заҳмати гарону сангинест, ки бояд пайваста бинависӣ. Дар ин миён шояд парии илҳом гоҳ-гоҳ ба зиёрат биёяд. Яъне нависандагӣ як фоиз ба парии илҳом ва 99 фоиз ба ранҷу заҳмати пайваста вобаста мебошад. Банда ҷонибдорӣ андешаи нависандаи дӯстдоштаам ҳастам ва заҳмати гарону талоши пайвастаи эҷодкориро меписандам.

- Баъзеҳо мегӯянд, ки нависанда бояд пеш аз ҳама як хонандаи хуб бошад. Шумо чӣ назар доред?

- Банда хонданро ҳамеша меписандидам ва дӯст медоштам. Дар китобхонаи шахсиам осори адабиёти классикии хориҷиро гирд овардаам. То миёнсолӣ хондани асарҳои бадеиро дӯст медоштам ва ҳар китобе, ки ба дастам меафтид, мехондам. Ҳатто лаҳзаҳое буданд, ки дар як шаб як романро ба поён мерасондам. Сипас, ба хондани асарҳои бадеӣ-таърихӣ рӯ овардам. Вале ҳоло шавқи хондан каме коҳидааст. Бештар асарҳои илми-таърихӣ дар бораи шахсиятҳои бузург маро ба худ ҷалб мекунад. 

- Ба онҳое, ки эҷодкор шудан мехоҳанд чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ба назари банда, нависандагӣ пеш аз ҳама ишқ аст. Гирифтор шудан ба меҳри нигориш ва қаламу дафтар аст. Ба нависандагони ҷавон ҳушдор медиҳам, ки нависандагӣ заҳмати сахту тоқатфарсо ва риёзати гарону ихтиёрист. Алалхусус, дар рӯзҳои мо, ки барои нигориши асар ҳаққи заҳмат пардохт намешавад. Агар нависандаҳои ҷавон аз пешаашон суд бардоштану сарватманд шудан хоҳанд, беҳтараш аз нависандагӣ даст бикашанд, зеро дар таърих нависандагони сарватманд ангуштшуморанд ва онҳо ҳам дар кишварҳое, ки ҳаққи қалами хуб дода мешавад, ҳастанд.

ГУФТОРИ СЕЮМ:

РОМАНҲОИ ТАЪРИХӢ

- Шумо дар тӯли се сол чор романи таърихӣ навиштед. Аз куҷо ин нерӯ ва илҳомро дарёфтед?

- Меҳри нигориши асарҳои таърихӣ маро водор намуд, ки дар пайи се сол чор романи таърихӣ-бадеӣ “Исмоили Сомонӣ”, “Вопасин подшоҳи сомонӣ”, “Парчамҳои фитодаи Рум” ва “Дорои бузург”-ро ба фарҷом расонам. Банда навиштани романҳои мазкурро кайҳо дар ниҳодам доштам, барои мисол “Дорои бузург”-ро соли 2010 шуруъ карда, соли 2012 ба анҷом расонида будам. Аммо дар роман мақому мартабаи Камбуҷияи писари Куруш бартарӣ ёфт ва дидам ки онро метавон ҳамчун романи мустақил чоп намуд. Ва дар ин ҳол романи “Камбуҷия. Пирӯзӣ ва марг”-ро навишта, ба чоп расонидам, ки ин силсила дугона шуд, яъне “Куруши Кабир” ва “Камбуҷия. Пирӯзӣ ва марг”. Ниҳоят соли гузашта романи “Дорои бузург”-ро ба итмом расонидам, ки силсилаи мазкур сегона шуд.

- Навиштан, махсусан, навиштани асари таърихӣ чӣ душворӣ дорад? Барои омодасозии як романи таърихӣ, бештар аз ҳама вақтатон ба ҷустуҷӯи маълумот меравад ё ба навиштани худи асар?

- Ба пиндори банда, нигориши романи таърихӣ дар бораи шахсони бузург, кори сангин аст. Ба масал, кори заршӯи танҳоеро мемонад, ки чандин мошин хоку сангу регро аз ғалбер гузаронида, ба гумон аст, ки  ягон зарра тиллои холис пайдо мекунад ё на. Дар паси ҳар орзуву ҳавас заҳмати миёншикану тоқатфарсо нуҳуфтааст. Гирдовариву омодасозии мавод, санаду катибаҳо, муқоиса намудани онҳо аз миёни даҳҳо сарчашмаҳо ва далелҳои воқеаро маълум кардан як кор асту онро боварибахшу ба ҳақиқати таърихӣ ҳамоҳанг кардан боз душвортар. Масалан, банда садҳо сарчашмаҳоро кофтам, бо даҳҳо таърихнигорону мутахаасисони замони Исмоили Сомонӣ ҳамсуҳбат шудам, вале дар ҷое пайдо накардам, ки ҳамсараш кист ва чӣ ном дорад. Далелу санади таърихӣ, ки надоштам, ба набераи хотуни Бухоро рӯ овардам, ки шахсияти таърихӣ ва духтари Бухорхудод аст. Ҳатто пиндоре доштам, ки ӯро чун ҳамсари дуюм ё маъшуқаи Исмоили Сомонӣ корбурд намоям, вале накардам. Яъне пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва наёфтани далелҳои воқеӣ аз нигориши ишқи Исмоили Сомонӣ даст кашидам. Гарчанде пештар аз банда ду нависанда ишқи Исмоили Сомониро бофтаву сохта пешкаши хонандагон карда буданд.

- То ҷое медонем, эҷоди романи "Исмоили Сомонӣ" хеле тӯл кашидааст, чаро?

- Банда ҳамчун қаламкаш рисолати инсонӣ ва қарзи нависандагии хеш медонистам, ки дар бораи Исмоили Сомонӣ романе навишта,  ормонҳои деринаи дар замирам нуҳуфтаро рӯйи варақ бирезам. Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ ду абармарди бузург буданд, ки чун ду шоҳсутуни ҷовидона пойдевори давлату давлатдории ниёгони моро поягузорӣ намуда буданд. Нигориши романи “Исмоили Сомонӣ” хеле суст пеш мерафт. Ҳангоме ки беш аз 100 саҳфиаи роман омода гашт, тайи чандин сол аз давом додани он даст кашидам, зеро пай бурдам ки дар навиштаҳоям чизи нав ва бозёфтҳои тозаи бадеӣ кам аст. Аз миён 10 сол гузашт ва ниҳоят ба пиндоре расидам, ки дар нигориши романи мазкур ду хатти тасвир ва воқеабандиро пеш мегирам. Хатти нахуст ҳангомаҳои давлатдориву давлатсозии аҳди Исмоили Сомонӣ ва хатти дуюм воқеаҳои фарорасии истиқлоли навин ва давлатсозиву давлатдории тоҷикон. Дар ин роман кӯшидам, ки кору пайкор рӯҳу равон ва хоки қадамҷои Исмоили Сомониро ба зодбуми нави тоҷикон ва давлатдории навини онҳо пайванд бизанам. Кӯшидам, ки барои ояндагон достони давлатсозию давлатдории аҳди куҳан ва навини тоҷиконро дар тимсоли ду фарзанди фарзонаи миллату давлати тоҷикон – Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон тасвиру бозгӯӣ намоям.

- Оё дар баробари асарҳои таърихиатон монанди солҳои пеш ҳикояву қисса ҳам менависед?

- Ба навиштани асарҳои таърихӣ бештар гирифтор бошам ҳам, чандин қиссаву роману повестҳои нотамом дорам. Яке аз повестҳои нотамомам бо номи “Фариштаҳои бадманиш” ба Аҳмадшоҳи Масъуд, сарнавишти тоҷикони панҷшер ва зиндагиву кору пайкори Яъқуби Лайс бахшида шудааст, ки ҳанӯз ба фарҷон нарасонидаам. Романи нотамоми дигарам бо номи “Вопасин ишқи пирамард” ба растохези ишқ дар тайи 50-60 соли охир бахшида шудааст. Тарҳи хомакии роман омода аст, вале аз чоп карданаш даст кашидам. Ин роман таҳаввулоту дигаргуниҳои ишқро аз назари як мӯйсафеди қариб 80-сола ва саргузашти ишқи поку отифаагезааш дар қиёси ишқбозиҳои оғози асри бист фаро мегирад. Ҳамин тавр, даҳҳо навиштаи нотамом дорам, ки умр боқӣ монда бошад дастраси хонандагон мегардонам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.