Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Панҷ бор суд шудааст, аммо ислоҳ нашуд. Ҷавоне бори шашум барои дуздӣ дастгир шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки қаблан панҷ маротиба бо ҷурми дуздӣ дастгир шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Меҳроҷи Назирмад бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан панҷ маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст ва инак бори шашум дастгир гардидааст.
Манбаъ меафзояд, ки тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки Меҳроҷи Назирмад дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аз дохили воситаҳои нақлиёт маблағҳои пулӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро тасарруф мекардааст.
Дар ҳоли ҳозир ду далели дуздии Меҳроҷи Назирмад ошкор карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, РВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд