Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Панҷакент: Раиси шаҳр ба айёдати саёҳи рус рафт
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент ба айёдати сайёҳи рус, ки дар вақти сайёҳат дар кӯҳҳои Панҷакент ҷарроҳат бардошта буд, рафт.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Гуфта шудааст, ки раиси шаҳри Панҷакент сайёҳи маҷрӯҳро, ки шаҳрванди Федератсияи Русия, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск Телитсин Антон Вениаминович аст, дар бемористон аёдат намуд.
Қаблан ҳам дар бораи ҷарроҳат бардоштани сайёҳи рус иттилоъ дода будем. Ин сайёҳ аз Федератсияи Русия ҳангоми саёҳат дар мавзеи Чимтарға аз баландӣ афтода, пояш шикаста, осеби ҷиддӣ дида буд.
Бо супориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гажданӣ дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол доданд.
Сайёҳи рус ва ҳамсару писараш, ки ба дидорбинии ӯ омадаанд, аз таваҷҷуҳи мақомоти шаҳрдорӣ, ғамхории табибон, муҳайё кардани шароити мусоид барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд. Табибон ҳолати сайёҳи русро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд