Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Толибон як дипломати ҳиндиро аз Кобул депорт карданд
Сарчашмаҳои огоҳ ба “Афғонистон интернешнл” хабар доданд, ки гурӯҳи террористии Толибон Ҳариш Кумар як дипломати баландпояи Ҳиндро аз Афғонистон депорт намудааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин қарор рӯзи 17-уми август баъд аз он гирифта шуда, ки ӯ бо чеҳраҳои мухолифи Толибон мулоқот анҷом додааст.
Гурӯҳи террористии Толибон Ҳариш Кумарро “унсури номатлуб” хонда, гуфтаанд, ӯ талош дошт, ки нишастҳои мухолифини сиёсию низомии ин гурӯҳро ташкил кунад.
Ҳариш Кумар баъд аз суқути ҳукумати пешин ба ҳайси дипломат ва намояндаи Хадамоти кашфи хориҷии Ҳинд дар Кобул фаъолият мекард. Сарчашмаҳо мегӯянд, ки ӯ дар сафарҳои худ ба Деҳлӣ ва Қатар бо чанде аз роҳбарони мухолифин дидор ва гуфтугӯ карда, мавзуи баргузории нишаст дар Исломободро матраҳ кардааст.
Нишасти мухолифони Толибон, ки рӯзҳои 25-26-уми август барномарезӣ шуд буд, бо мухолифати сахти роҳбарони Толибон, аз ҷумла Абдулғанӣ Бародар, Яъқуб Муҷоҳид ва Амирхон Муттақӣ баргузор нашуд. Бино ба иттилои манобеъ, Ҳариш Кумар дар бораи ташкил намудани ин нишаст дар Қатар ва Дубай бо мухолифини Толибон машварат кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад