25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
13.09.2025 10:16

Вазири хориҷаи Толибон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хост чархболҳоро баргардонанд

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хост, ки чархболҳои низомии артиши собиқи Афғонистонро баргардонанд. Ин чархболҳо дар моҳи августи соли 2021 дар пайи суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Ӯзбикистон интиқол ёфта буданд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон дар суҳбат бо намояндагони ташкилотҳои байналмилал дар шаҳри Кобул гуфт, “мо аз он кишварҳое, ки чор сол қабл дар пайи рӯйдодҳои сиёсӣ қисме аз чархболҳои моро гирифта, ба давлатҳои ҳамсоя супурдаанд, хоҳиш дорем, онҳоро ба мардуми Афғонистон баргардонанд, то дар самти ёриҳои таъҷилӣ истифода шаванд”.

Ӯ, ҳамчунин, ба таҳримҳои байналмилалӣ ишора намуда, гуфт, маҳдудиятҳои бонкӣ интиқоли маблағҳои афғонистониҳои дар хориҷ бударо, ки барои зарардидагони заминларза фиристодаанд,  душвор мекунад.

Рӯзи 8-уми сентябр телевизиони “Афғонистон интернешнл” бо такя ба сарчашмаҳои худ иттилоъ дода буд, ки Ӯзбекистон дар рӯзҳои наздик 57 чархболи низомиеро, ки соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуда буд, бармегардонад. Сухангӯи гурӯҳи террористиии Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид чанде қабл гуфта буд, ки Ӯзбекистон ба боз гардонидани техника розӣ шудааст.

Ӯ гуфтааст, ки “ин иқдом дар эҳёи иқтидори ҳавоии Афғонистон ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя нақши муҳим хоҳад дошт”.

Пас аз садо додани ин изҳорот сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов дар суҳбат бо нашрияи “Газета.Уз” ин хабарро рад намуда, гуфт: “Хабарҳои нашршуда воқеият надоранд. Мавқеи Ӯзбекистон тағйир накардааст ва ин гуна ахбор, дурӯғ аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.