Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Чор кишвар дар Душанбе дар хусуси вазъияти Афғонистон гуфтугӯ кардаанд
Дар шаҳри Душанбе намояндагони хоси Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар як нишасти чорҷониба дар хусуси вазъияти Афғонистон роҳҳои ҳамкорӣ бо мақомоти Толибон, ҳимоят аз ниёзҳои башардӯстона ва таҳдидҳои террористӣ гуфтугӯ кардаанд.
Муҳаммад Содиқ, намояндаи хоси Покистон дар умури Афғонистон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ширкаткунандагони ин нишаст дар бораи нигарониҳо ва хостаҳои муштарак дар мавриди Афғонистон дар хусуси “робитаи натиҷаовар бо мақомҳои Толибон, ҳимоят аз ниёзҳои башардӯстона ва муқобила бо таҳдиди ҷиддии гурӯҳҳои мухталифи террористии вуҷуддошта дар Афғонистон” ба созиш расиданд.
Бо гузашти чаҳор соли ба сари қудрат омадани Толибон ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла кишварҳо дар бораи таомул бо ин кишвар ихтилофи назар доранд. Бо вуҷуди ин ки бархе кишварҳо гурӯҳи Толибонро ба расмият шинохтаанд, аммо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ин гурӯҳро расман эътироф накардааст.
Бо ба қудрат расидани Толибон Афғонистон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳдудиятҳои вобаста ба ҳукумати Толибон, буҳронҳои иқтисодӣ ва ниёзҳои фарогири башардӯстона сабаб шуданд, ки кишварҳои минтақа ва берун аз он, дар пайи роҳҳои ҳамкорӣ ва муколама бо ҳукумати ҷадиди Кобул бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”