25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
12.09.2025 18:18

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд дафтари СММ дар Кобул дар муҳосираи Толибон аст

Амруллоҳ Солеҳ, муовини президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар муҳосираи Толибон аст.

Ба гуфтаи ин мақоми собиқи ҳукумати Афғонистон Шурои низомии Толибон, ки аз сӯи ин гурӯҳ Вазорати дифоъ номида мешавад, дафтари Созмони Милалро муҳосира карда, вуруди кормандони зани ин ниҳодро манъ намудааст.

Ӯ аз мавқеи Созмони Милал дар ин хусус интиқод карда, гуфтааст, ки дафтари ЮНАМО дар Кобул дар ин маврид бояд масъулиятпазир бошад. Ӯ гуфт, онҳое, ки миллионҳо долларро бо бовари тағйир дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор додаанд, бояд посухгӯ бошанд.

Чанде қабл расонаҳо хабар дода буданд, ки гурӯҳи террористии Толибон вуруди кормандони зани Созмони Милал ба дафтари ин ниҳод дар Кобулро манъ кардааст. Бар асоси қонуни амр ба маъруфи Толибон занон ҳаққи кор дар ягон муассисаро надоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.