Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ховалинг: Намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар деҳаи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг баргузор гардид, боздид намуданд
Дар намоишгоҳи мазкур намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуб ва композитсияи зебо пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши картошка, пиёзи маҳаллӣ, сабзӣ ва карам хеле мусоид мебошад. Ҳамзамон иқлими ноҳия барои бунёди боғҳои себ, нок, гелос, шафтолу ва чормағз мувофиқ буда, ҳамасола кишоварзон аз ин намуди маҳсулот ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Ҳоло дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 8088 га замини кишт мавҷуд аст. Кишоварзону боғдорон маҳсулоти мавсимии худро ҷамъоварӣ намуда, аз он як қисматашро ба фурӯш бароварда ва боқимондаро барои зимистон захира менамоянд.
Маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба мисли анвои нону хӯрокҳои миллӣ ва ҳамчунин асал дар ин ҷо гӯшаҳои ҷолиби намоишгоҳро ташкил медод. Дар ноҳия зиёда аз 4570 оилаи замбӯри асал мавҷуд буда, аз онҳо асали табиии тоза ба даст меоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд


