Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Хатлон: Ифтитоҳи бинои шуъбаи КДАМ ва таъмини манзили зист ба кормандони он дар ноҳияи Балҷувон
Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамзамон кормандони он бо манзили зист таъмин гардиданд.
Расман кушодашавии ин иншоот дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Хатлон сурат гирифт. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд ва туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад.
Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки бозгӯй аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони ин ниҳоди қудратӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд. Хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, бо ҳама лавозимоти рӯзгор ҷиҳозонида шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ва имконият ба нафъи миллату давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод


