Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Оё Ӯзбекистон ҳавопаймоҳои артиши Афғонистонро ба Толибон месупорад?
Дар рӯзҳои ахир бархе расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки Ӯзбекистон эҳтимолан чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро ба Толибон вогузор мекунад.
Ба назар мерасад, ки Ӯзбекистон дар остонаи қабули як қарори ҳасcос қарор дорад: супоридан ё насупоридани чархболҳои артиши собиқи Афғонистон ба Толибон. Агар ин иқдом амалӣ шавад, метавонад оғози марҳилаи тоза дар робитаҳои Тошканд ва Кобул бошад ва ин нишонаи тағйир кардани муодилаҳои амниятӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Суоли асосӣ дар ин масъала ин аст, ки оё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки молики чархболҳо аст, ба вогузории он иҷоза медиҳад ё на?
Расонаҳои афғонистонӣ ахиран гузориш доданд, ки гӯё Ӯзбекистон қарор аст чархболҳои артиши собиқи ҳукумати Афғонистонро, ки дар пайи суқути ҳукумат дар соли 2021 ба Ӯзбекистон интиқол ёфта буданд, ба Толибон супорад.
Дар тӯли чор соли гузашта сарнавишти ин ҳавопаймоҳо борҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Толибон борҳо аз Тошканд хостаанд, ки ин ҳавопаймоҳоро ба онҳо боз гардонанд. Бо назардошти сатҳи робитаи Ӯзбекистон бо Толибон дар чор соли ахир, бархеҳо ин иқдомро оғози марҳилаи тозаи ҳамкорӣ медонанд. Нозирон ҳам бар ин назаранд, ки боз гардондани чунин таҷҳизот нишони тағйир дар муодилаҳои амниятӣ ва сиёсати минтақавӣ миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон тайи чандин соли ахир ба мавзуи баҳсбарангези дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон табдил ёфтааст. Тасмими ҷиддии Тошканд барои супоридани чархболҳо метавонад чанд омил дошта бошад. Нозирони вазъ пешбинӣ мекунанд, ки робитаҳои Афғонистону Ӯзбекистон дар соли оянда амиқтар хоҳад шуд. Ӯзбекистон дар чор соли гузашта бар асоси манфиатҳои стартегии худ сиёсати фаъоли хориҷиро нисбат ба Афғонистони зери ҳокимияти Толибон пеш гирифтааст. Агар қаблан робитаҳои Тошканд бо Кобул бештар амниятӣ буд, ҳоло ба як сиёсати амалгароёнаи иқтисодӣ табдил ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”