25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
11.09.2025 10:18

Посухи таърихии Аҳмадшоҳи Масъуд ба фишори Амрико барои таслим ба Толибон

Аҳмадшоҳ Масъуд, на фақат дар шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ноком кардани Толибон нақши ҳалкунанда бозид, балки вобастагӣ ба Ғарбро низ рад кард ва дар ташаккули муқовимати миллӣ ва амнияти Афғонистон саҳми бузург гузошт.

Доктор Шамсулҳақи Ориёнфар, раиси бахши фарҳанги Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як матлаб дар хабаргузории Ироф дар бораи сиёсатҳои Аҳмадшоҳи Масъуд бо Ғарб, бахусус Амрико изҳори назар кард.

Ӯ дар ин матлаб навишт, ки ду таҳаввули бузурги таърихӣ – пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон ва табаддулоти коммунистӣ дар Афғонистон саҳнаро барои ҷангҳои тӯлонӣ бар зидди ишғоли Шӯравӣ ва баъдан муқовимат бар зидди Толибон омода сохтанд.

“Масъуд дар давоми 11 ҳамлаи сангини Артиши Сурх таслим нашуд ва ҷабҳаи Панҷшерро  ба рамзи муқовимат табдил дод. Ӯ тавонист аз миёни фармондеҳони 9 вилоят “Шурои назор” –ро ташкил диҳад, ки нақши ҳалкунанда дар озод кардани Кобул ва шикасти шуравиҳо бозид. 60 фоизи талафоти Шӯравӣ маҳз дар минтақаи зери назорати ин Шуро ба вуқуъ пайваст” – навиштааст Ориёнфар.

Шамсулҳақ Ориёнфар бо ишора ба он, ки дар он замон Толибон 90 фоизи Афғонистонро тасарруф намуда буданд, менависад, ки бо вуҷуди ин Аҳмадшоҳ Масъуд онҳоро дар Ҷабҳаи шимол замингир кард. Аз ҳамин ҷо ӯ ба ҳайси Қаҳрамони миллӣ шинохта шуд.

Раиси бахши фарҳангии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Шамсулҳақ Ориёнфар дар матлаби худ менависад, ки дар соли 1996 Р. Рафаэл муовини Вазири корҳои хориҷии Амрико аз Масъуд хост, ки Кобулро ба Толибон вогузор кунад. Масъуд дар посух кӯлоҳи худро ба рӯи миз гузошт ва гуфт: “Ба андозаи ҳамин кӯлоҳ ҳам агар замин боқӣ монад, ман то нафаси охирин дар баробари Толибон меҷангам”.

Шамсулҳақ Ориёнфар шарҳ медиҳад, ин мавқеи устувори Масъуд нишонаи он буд, ки ӯ манфиати миллиро болотар аз ҳар гуна фишори берунӣ медонист ва ҳич гоҳ вобастагии сиёсӣ ба Ғарбро қабул накард.

Ин узви аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон менависад, ки Аҳмадшоҳ Масъуд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаҳои нек дошт. Ҳамкорӣ ва дидорҳои чандкаратаи генерал Қосим Сулаймонӣ бо Масъуд аз муҳимтарин намунаҳои ин иртибот ба шумор меравад.

“Дар 9-уми сентябри соли 2001, ду террористи арабтабор, ки худро хабарнигор муаррифӣ намуда буданд, Масъудро дар Тахор дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба шаҳодат расонданд. Шаҳодати ӯ ду рӯз қабл аз ҳамлаи 11-уми сентябри Амрико сурат гирифт. Рӯйдоде, ки бисёриҳо онро бо нақши боздорандаи Масъуд дар баробари нақшаҳои қудратҳои бузург пайванд медиҳанд”- ишора мекунад Шамсулҳай Ориёнфар.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.