25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
07.09.2025 07:35

Ду заминларзаи дигар дар фосилаи 12 соат Афғонистонро такон доданд. Шумораи қурбониён аз 2200 нафар гузашт

Ду заминларзаи шадиди дигар дар ҷанубу шарқи Афғонистон бо фосилаи 12 соат рӯй дод ва нигаронӣ аз афзоиши талафот ва вайрониҳои бештарро ба миён овард.

Пасларзаҳои рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа баъд аз ду заминларзаи харобиовари қаблӣ ба қайд гирифта шуданд. Ҳукумати Толибон то рӯзи панҷшанбе шумори қурбониёни ин офатҳои табииро 2200 нафар ва захмиёнро 3640 нафар эълон кард.

Гурӯҳҳои наҷотбахш дар минтақаи кӯҳистон бо вазъияти душвори обу ҳаво талош доранд, то ҷони одамонро наҷот диҳанд.

Сокинони осебдида дар ин минтақаи зилзилахез барои дастрасӣ ба ниёзҳои аввал мубориза мебаранд. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳо ҳушдор додаанд, ки таъмини буҷа, ғизо, таҷҳизоти тиббӣ ва паноҳгоҳҳо аҳамияти муҳим доранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостааст, ки барои расидонидани кумакҳо 4 миллион доллари иловагӣ ҷудо карда шавад.

Афғонистон кишварест, ки ғайр аз офатҳои табиӣ зери бори ҷанг, фақр ва кам шудани кумакҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Нақибуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯи бахши тандурустии минтақавӣ гуфт: “Пас аз заминларзаи шаби панҷшанбе бо қувваи 6,2 дараҷа дар вилояти Нангарҳор, ки маркази он дар ноҳияи Шева, наздикии марзи Покистон буд, 13 захмӣ бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шуданд”. Ба гуфтаи ӯ, 10 нафар баъди муолиҷа аз бемористон рухсат шуданд ва вазъи се нафари дигар муътадил мебошад.

Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Рейтерз гуфт, ки “то ҳол ҷузъиёти пурраи хисорот маълум нест, зеро пасларзаҳо дар Нангарҳор идома доранд”.

Ин заминларза дар Кобул ҳам эҳсос шудааст. Ҷалолобод, маркази Нангарҳор тақрибан 150 километр дуртар аз Кобул воқеъ аст.

Маркази таҳқиқоти илми заминшиносии Олмон эълон кард, ки фақат чанд соат баъд аз заминларзаи панҷшанбе, рӯзи ҷумъа низ заминларзае бо қувваи 5, 4 дараҷа дар ҷанубу шарқи Афғонистон дар умқи 10 километр ба қайд гирифта шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки хонаҳо бештар бо масолеҳи суннатӣ, аз қабили деворҳои хиштӣ, сангу чӯб сохта шудаанд, бисёриҳо барои пешгирӣ аз хатари пасларзаҳо тарҷеҳ додаанд, ки дар ҳавои боз бимонанд ва ба хонаҳои худ баргарданд.

Сокинони ноҳияи Нурғули Кунар хонаҳои худро тарк намуда, бо сабаби тарси пасларзаҳо дар теппаҳои канори рӯдхонаҳо ё дар чодарҳо зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, фурӯрезии сангу хок роҳҳои дастрасӣ ба баъзе деҳаҳои осебдидаро масдуд намуда, амалиёти наҷотро ба таъхир андохтааст.

Зилзилаи аввали ҳафта бо қувваи 6 бал, шаби якшанбе рӯй дод, ки яке аз маргбортарин зилзилаҳои Афғонистон буд ва дар умқи 10 километр рӯй дод. Ин ҳодиса дар вилоятҳои Нангаҳор ва Кунар харобиҳои густурдаро ба бор овард.

Зилзилаи дуюм бо қувваи 5, 5 дараҷа рӯзи сешанбе мардумро ба воҳима андохт ва амалиёти наҷотро халалдор кард, зеро лағзиши санг роҳҳои иртиботиро ба деҳаҳои дурдаст баст.

Ин ду зилзилаи нахуст беш аз 6700 хонаҳоро вайрон намуда, ҳамаи деҳаҳоро ба хок яксон намуд. Наҷотдиҳандагон рӯзи панҷшанбе ҷасадҳоро аз зери вайронаҳо берун кашиданд.

Зилзилаҳои Афғонистон асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш рух медиҳанд, - ҷое, ки плитаҳои тектоникии Ҳинд ва Авруосиё ба ҳам бархӯрд мекунанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки лағзиши замин ва фурӯрезии роҳҳои асосӣ амалиёти наҷотро ба таъхир андохтааст ва ҳамзамон таъкид намуд, ки буҷаи бештар барои хидматрасонии тиббӣ ва назорати беморҳо зарур мебошад.

“Камбудии ҳадди аққал 4 миллион доллар будҷа хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва нишондиҳандаи зарурати фаврии ҳимояти байналмилалӣ мебошад”- зикр шудааст дар изҳороти ин созмон.

Ин ниҳод ҳамчунин, аз хатари паҳн шудани бемориҳо дар паноҳгоҳҳои серодам, истифодаи оби носолим ва идораи нодурусти партовҳо ҳушдор дод. Афзоиши шумори афғонистониҳое, ки ахиран аз Покистон ихроҷ шудаанд, фишори иловагӣ бар низоми тандурустии заифи кишвар ворид намудааст.

Ҳукумати Толибон баъд аз зилзилаи якшанбе фавран хостори кумакҳои байналмилалӣ шуд, вале кумакҳо ночиз буданд. Афғонистон, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар соли 2021 аз ҷониби ҷаҳониён канор гузошта шудааст, ҳоло маҷбур аст миллионҳо муҳоҷири бозгаштаро аз Эрон ва Покистон, ҳамчунин, қурбониёни хушксолӣ дар шимолро низ ҷой диҳад.

Созмони Милал ҳушдор додааст, ки захираҳои молӣ барои кумак ба зилзилазадагон ба зудӣ ба анҷом мерасад. Яке аз мақомҳои баландпояи ин созмон дар Афғонистон гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид ният дорад, барои таъмин намудани маблағ фарохони умумии байналмилалӣ эълон кунад.

То ба имрӯз Созмони Милал 10 миллион доллар барои кумак ба Афғонистон ҷудо намудааст. Маблағе, ки аз кумакҳои камранги кишварҳои сарватманд каме бештар аст, ҳарчанд баъзеи онҳо чодар ва дигар лавозимоти иловагӣ фиристодаанд.

Кейт Кэри, муовини дафтари ҳамоҳангии корҳои башардӯстонаи Созмони Милал дар Афғонистон ба Рейтерз гуфт, ки “мо каме маблағи ибтидоӣ дорем, вале қасд дорем даъвати фавриро нашр кунем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.