Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларусия баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми сентябр ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир мешавад. Дар ин хусус Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ додааст.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Ҳайти расмии ширкаткунандагони Комиссияи 18-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларусия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Майдони Истиқлол, Маҷмааи “Кохи Наврӯз”, Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “Агротехсервис” –и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии Боғи Сомон шинос мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларусия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ 5-уми июни соли 2024 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларусия Сергей Бартош доир шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд