31 Октябр 2026,
шанбе, 09:37, Душанбе
05.09.2025 16:35

Эмомалӣ Раҳмон: “Гвардияи миллӣ омили ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлату ҷомеа аст”

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиние, ки ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ  ва дар арафаи 34 –солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар ибтидо Сарвари кишвар ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла собиқадорони Гвардияи миллиро бо санаи таъсисёбии ин сохтори низомӣ самимона табрик намуданд.

“Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар иҷрои масъулияти пуршарафи касбӣ, яъне ҳимояи амнияту оромии ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва манфиатҳои давлату миллат муваффақият ва барори кор орзу менамоям”- таъкид намуданд сарвари давлат.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидору имкониятҳои муосир ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми дифоии кишвар нақши муҳим дорад.

Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки Гвардияи миллӣ бо ҳадафи ҳимояи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар, ширкат дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.

“Ҳайати шахсии ин ниҳоди ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва хизмати содиқона ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ҳифз намуд” – таъкид намуданд сарвари кишвар.

Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони Гвардия то ба имрӯз вазифаҳои касбии худро ҳамчун кафили суботу оромии ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.