Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Вазорати корҳои хориҷӣ ба мардуми Афғонистон изҳори тасаллият гуфт
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила осебдидаи Афғонистон изҳори тасаллият кард.
Дар баёнияи нашр кардаи вазорат омадааст, ки ҳалокат ва маҷруҳ шудани шумораи зиёди мардум дар пайи заминларзаи шадид дар минтақаҳои шарқи Афғонистон боиси андӯҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардид. "Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст", омадааст дар баёния.
Тибқи оморҳои охир дар натиҷаи зилзилаи 6,2 бала дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон зиёда аз 1124 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 3124 нафар захм ва ҷароҳат бардошта, 5412 хона вайрон шудаанд. Зилзила шоми 31-уми август қаторкӯҳҳои Ҳиндукушро такон дода, маркази он 27 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Асадобод будааст.
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”