Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Трамп роҳбарони Чин, Русия ва Кореяи Шимолиро ба тавтеа бар зидди Амрико муттаҳам кард
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, роҳбарони Чин, Русия ва Кореяи Шимолиро ба ҳамдастӣ ва тавтеа бар зидди Амрико айбдор кард.
Президенти Амрико рӯзи гузашта дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки Си Ҷинпин, Президенти Чин, Владимир Путин, Президенти Русия ва Ким Чин Ин, роҳбари Кореяи Шимолӣ имрӯзҳо дар Чин “машғули тавтеа бар зидди Амрико” мебошанд.
“Саломҳои гарми маро ба Владимир Путин ва Ким Чин Ин расонед, дар ҳоле ки шумо бар зидди Амрико тавтеа мекунед”- навишт Доналд Трамп.
Ин изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки роҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ дар паради бузурги низомии Чин дар Пекин ширкат намуданд. Чин ин паради ҳарбиро ба ифтихори анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуюм ва пирӯзӣ бар Ҷопон доир намуд, ки як қатор роҳбарони кишварҳо низ дар он ҳузур доштанд.
Қаблан Владимир Путин, Президенти Русия Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чинро “дӯсти қадимӣ” –и худ номида буд.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз ин роҳбарони тақрибан 20 кишвар дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин ба зарурати мубориза бо якҷонибагароии ҷаҳонӣ таъкид карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка