25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
02.09.2025 16:11

Акси ҳамсарони роҳбарони Толибонро нашр карданд

Дар пайи ин ки Толибон чопи акси занон дар шиносномаҳоро манъ карданд, корзоре дар шабакаи иҷтимоии фейсбук роҳандозӣ шуд ва бар асоси он акси беш аз 10 ҳамсари роҳбарони Толибонро нашр карданд.

Ин иқдом аз ҷониби корманди собиқи Хадамоти иктишофии хориҷии Амрико анҷом дода шуд. Ӯ бо нашри акси ҳамсари роҳбарони Толибон гуфт, ки бо ин кор мехоҳад дар муқобили маҳдудиятҳои ин гурӯҳи ифротӣ мубориза кунад.

Нашри чеҳра ё рӯйи ҳамсарони роҳбарони Толибон, ки башиддат қонунҳои сахтгиронаро бар зидди занон ҷорӣ кардаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокуниши мусбати корбарон рӯ ба рӯ шуд.

Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо танз навиштанд, ки акнун Толибон акси ҳамсарони худро дар расонаҳо мебинанд ва чеҳраҳои занони онҳо ҷаҳонӣ шуд.

Сара Адамс, корманди собиқи Созмони иктишофии Амрико акси ҳамсарони роҳбарони Толибонро аз шиносномаҳояшон ба даст оварда ва дар он рӯйи комили онҳо намоён мешавад. Ӯ бо нашри 10 акси ҳамсари роҳбарони Толибон гуфтааст, ки аксҳои бештареро нашр хоҳад кард.

Сара Адамс гуфт, ки аксҳо аз рӯи шиносномаҳои дипломатии ҳамсарони мақомоти Толибон ба даст омада ва ҳамроҳ бо вазифаҳои шавҳаронашон нашр шуд. Бар асоси иттилоъ аксҳои ҳамсарони намояндагони Толибон дар сафорат ва консулгариҳои Маскав, Зоҳидон, Қандаҳор, Машҳад, Бишкек, Дубай ва Исломобод нашр шудааст.

Ин иқлом пас аз ҳукми нави роҳбари Толибон анҷом шуд, ки дастур дод, дигар акси занон дар шиносномаҳо ҷо дода нашавад. Ба дунболи ин фармони роҳбари Толибон идораи сабти асноди шаҳрвандии Афғонистон гуфт, ки нашри акси занон дар шиносномаҳо ҳатмӣ нест.

Сара Адамс, аз фармони нави роҳбари Толибон интиқод намуда, навишт, ки “Занони мақомоти Толиб бо шиносномаҳои дипломатӣ ва аксҳои худ ба хориҷ сафар мекунанд, дар ҳоле ки акси духтарони афғон аз санадҳои ҳувияти онҳо ҳазф мешавад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.