Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Шумораи қурбониёни зилзилаи Афғонистон ба 812 нафар расид
Ҳукумати сарпарасти гурӯҳи террористии Толибон иттилоъ дод, ки шумораи қурбониёни зилзилаи шаби гузашта дар Афғонистон ба 812 нафар расида, беш аз 2800 нафар захмӣ шудаанд.
Бар асоси иттилои расонаҳо зилзила бо қувваи 6, 2 бал шоми 31-уми август қаторкӯҳҳои Ҳиндукушро такон дод. Маркази он 27 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Асадобод будааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати террористии Толибон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “шумораи қурбониёни офати табиӣ ба 812 нафар расида, мизони захмиён то 2 812 нафар боло рафт”.
Қаблан, баъзе расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Франс-пресс иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи зизлила дар Афғонистон 622 нафар ба ҳалокат расида, 1500 нафар захмӣ шуданд.
Мақомоти ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки хисороти моливу ҷонии зилзилаи шаби 31-уми август дар ҳоли афзоиш буда, эҳтимоли афзоиши талафоти ҷонӣ хеле зиёд аст.
Ёдовар мешаҷем, зилзила соати 23:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рӯй дода, вилоятҳои Кунар, Нуристон, Нангаҳор ва Лоҳурро фаро гирифта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”