Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Амалиёти "Истгоҳ". Назорат барои таваққуфи нодуруст пурзӯр мешавад
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 1-уми сентябр бо мақсади бартараф намудани таваққуфҳои нодуруст, тамбашави воситаҳои нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо амалиёти шартии "Истгоҳ"-ро роҳандозӣ мекунад.
Дар ин росто, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки назорат барои таваққуфи нодуруст дар маконҳои манъшуда, бахусус дар хатти дуюми ҳаракати роҳ (ба истиснои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ва «Хадамоти оташнишонӣ»), шадидан пурзӯр карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои истгоҳ, ронандаи воситаи нақлиёт мутобиқи моддаи 324-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, воситаи нақлиёт фавран ба ҷаримагоҳи муваққатӣ барои муҳлати тӯлонӣ равона карда мешавад.
Ҳамчунин, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд