Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
“Солори магасҳо”. Зулмай Халилзод ва “қавми шикорчӣ” дар Афғонистон
Ҷовид Азиз, пажӯҳишгари соҳаи амният дар як мақолаи таҳлилӣ, ки дар расонаи “Афғонистон интернейшнл” нашр шудааст бо такя ба романи маъруфи “Солори магасҳо” навишт, ки нақши Зулмай Халилзод дар муомилаи Давҳа ва боз гардондани Толибон ба қудрат, шабеҳи қаҳрамони қудратталаби ин роман аст.
Ӯ менависад, ки Зулмай Халилзод бо “қабоҳатзудоӣ” аз гурӯҳи террористии Толибон бо омода кардани созишномаи Давҳа ва истифода аз тарси фурӯпошӣ тавонист гурӯҳеро, ки солҳои тӯлонӣ ба ифротгароӣ ва хушунат маъруф буд, ба ҳайси шарики сиёсӣ муаррифӣ кунад.
Ба навиштаи ӯ, ҳамон гуна ки Ҷек Меридо дар роман бо шикастани қонун ва сохтани қувваҳои нави қудрат гурӯҳи шикорчиёнро ба як қудрати қавӣ табдил дод, Зулмай Халилзод низ бо бозиҳои дипломатӣ манфиатҳои Толибонро қонунӣ намуд.
Дар ин ёддошт омадааст, ки Зулмай Халилзод бо тарҳрезии “тарси фурӯпошӣ”, аз қабили ҷангҳои дохилӣ, таҳдиди ДОИШ ва эҳтимоли бесуботсозии комил ҷаҳонро водор кард, Толибонро ба ҳайси роҳи наҷот пазирад. Ин таҳлил иддао дорад, ки созишномаи Давҳа ба ҷои посухгӯ сохтани Толибон, баръакс ба онҳо имкони тағйири чеҳра дод ва онҳоро аз як гурӯҳи ҷангӣ ба “шарики музокирот” табдил дод.
Ин муаллиф таъкид мекунад, ки дар ин раванд ҳуқуқи занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои озод нодида гирифта шуда, ба ҳошия ронда шуданд. Ӯ менависад, ки бар асоси ҳамин мантиқ ҷомеаи шаҳрвандӣ аз абзори таъсир маҳрум ва Толибон аз нигоҳи ҳуқуқӣ сафед карда шуданд.
Дар хулосаи ин таҳлил зикр мешавад, ки таҷрибаи Афғонистон нишон дод, вақте қудрт бо тарс ва бозсозии қоидаҳо ба як гурӯҳи низомӣ дода мешавад, натиҷа бештар монанди “қабилаи шикорчӣ” аст, на як низоми мардумсолор.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”