Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Толибон баъди лағви қарордоди нафти “Омӯдарё” коргарони Чинро боздошт карданд
Расонаҳои афғонистонӣ иттилоъ доданд, ки баъд аз лағви қарордоди истихроҷи нафту газ дар ҳавзаи Омӯ миёни Толибон ва Чин, ин гурӯҳ майдонҳои нафтиро зери назорат гирифт ва кормандони чиниро аз он ҷо берун кард. Дар пайи он Толибон 12 шаҳрванди Чинро боздошт намуда, шиносномаҳои онҳоро мусодира кардаанд.
Бар асоси иттилои як корманди ширкати чинӣ дар моҳи июн Толибон бо силоҳ вориди майдонҳои нафтӣ шуда, коргаронро маҷбур ба тарки коргоҳ кардаанд. Баъдтар 12 нафарро дар Кобул боздошт намуданд. Ҳафт нафари онҳо бо дахолати сафорати Чин озод шуда, ба Чин баргаштаанд, вале чор нафари дигар то ҳол дар Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Озодии онҳо дар вақти сафари Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Кобул сурат гирифтааст.
Вазорати маъдан ва нафти Толибон иддао дорад, ки ширкат уҳдадориҳои молиявии худро иҷро накардааст ва ҳаққи имтиёзҳоро сари вақт напардохтааст. Вале кормандони ширкати “F-China” мегӯянд, ки Толибон онҳоро маҷбур ба имзои созишномае кардаанд, ки бар асоси он гӯё шартномаро ихтиёран бекор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар иваз Толибон ваъда додаанд, ки шиноснома ва ҳисобҳои бонкии ширкатро, ки миллионҳо доллар арзиш доранд, озод мекунанд.
Як мақоми Толибон тасдиқ намудааст, ки шиносномаҳо мусодира шудаанд, аммо боздошти расмиро рад кардааст. Бо вуҷуди ин, сарчашмаҳои чинӣ изҳор медоранд, ки кормандони онҳо дар амал ба ҳайси гаравгон нигоҳ дошта мешаванд.
Кормандони ширкати чинӣ гуфтаанд, ки ҳузури онҳо фақат ба манзури манфиати молиявӣ набуд, балки мехостанд ба рушди Афғонистон ва суботи минтақаи Шинҷон дар Чин саҳм гузоранд. Яке аз онҳо гуфт, ки “Толибон бо руҳияи бурд-бурд кор намекунанд: онҳо мисли роҳзан фикр мекунанд, ҳама чизро барои худ мехоҳанд”.
Сафорати Чин дар Вашингтон гуфт, аз ин қазия огоҳ нест, вале ба зарурати ҳифзи амнияти шаҳрвандони чинӣ дар хориҷ таъкид намуд. Дар ҳамин ҳол, Умар Самад сафири пешини Афғонистон дар Канада ва Фаронса ҳушдор дод, ки мудирияти нодурусти ин қазия метавонад ба равобити Толибон бо Чин осеб расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”