Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Сарбозони Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Беларусия машқҳои низомӣ мегузаронанд
Аз 31-уми август то 6-уми сентябр дар майдонҳои низомии “Лосвидо” ва “Лепелский”-и Беларусия машқҳои бузурги кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) доир мешавад. Дар он воҳидҳои ҳарбии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Ин машқҳо якбора се формати таълимиро дар бар мегиранд: “Взаимодействие-2025”, “Поиск-2025” ва “Эшелон-2025”. Дар доираи “Взаимодествие” неруҳо амалиётҳои ҳамоҳангшударо барои суботбахшии вазъ дар қаламрави як кишвари шартии узви СААД меомӯзанд. Машқҳои “Поиск” ба такмил додани корҳои иктишофӣ бахшида шудаанд. Формати “Эшелон” ба таҳкими низоми таъминоти моддиву техникии неруҳо нигаронда шудааст.
Хусусияти фарқкунанда имсол пайванди мустақим бо машқҳои стратегии Русия ва Беларусия “Запад-2025” мебошад. Ба гуфтаи раиси ситоди муттаҳидаи СААД Андрей Мердюков ин чорабинӣ табиати нақшавӣ дорад ва бар зидди кишвари сеюм равона нашудааст. Мақсади асосӣ боло бурдани сатҳи ҳамоҳангии фармондеҳӣ, неруҳо ва тақвияти омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад