Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Нишасти намояндагони хоси Осиёи Марказӣ дар умури Афғонистон дар Тошканд
Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони хоси кишварҳои Осиёи Миёна дар умури Афғонистон гирди ҳам омада, масъалаҳои вобаста ба Афғонистонро дар доираи як нишасти чандҷониба баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои расонаҳои Ӯзбекистон дар ин нишаст намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзебкистон ширкат намуда, дар хусуси таҳаввулоти сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии Афғонистон изҳор назар намуданд.
Онҳо дар нишаст аҳамияти эҷоди як чорчӯби муназзами мустақили минтақавӣ барои гуфтугӯ дар бораи манфиатҳои муштараке, ки дар робита ба Афғонистон аст, таъкид намуда, фаъолияти гурӯҳи тамоси Осиёи Марказиро ҳамчун як платформаи муассир арзёбӣ карданд.
Ин нишаст дар ҳоле доир мешавад, ки нигарониҳо дар хусуси густариши таҳдидҳои амниятӣ аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои минтақа ва вазъияти бади ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ҳанӯз чун як буҳрони ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад