25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
27.08.2025 11:02

Амрико Толибонро “чап” гирифт. Покистон дар пайи тағйири ҳукумат дар Афғонистон аст

Лағви сафари расмии вазири хориҷии Толибон ба Деҳлӣ дар пайи мухолифати Амрико ин ҳадсро дар зеҳни коршиносон ба вуҷуд овард, ки Амрико дигар сиёсати нармаш дар муқобили Толибонро поён додааст.

Лаҳни мақомоти Амрико нисбат ба Толибон тағйир кардааст. Мақомоти амрикоӣ дар изҳорот ва гузоришҳои худ аз фаъолияти Толибон шадидан изҳори нигаронӣ кардаанд. Қувват гирифтани ҳаракати террористии Ал-қоида дар Афғонистон мақомоти амниятии Амрикоро нигарон кардааст. Трамп низ аз ин вазъият розӣ нест.

Аз сӯи дигар, сиёсати хориҷии Покистон нисбат ба Толибон низ тағйир карда ва тибқи гузориши расонаҳо мақомоти Покистон бо мухолифони Толибон тамос барқарор кардаанд. Ривояти расонаҳо гувоҳ бар ин аст, ки Покистон дар пайи тағйири ҳукумат дар Афғонистон аст.

Ҳафтаи гузашта Покистон мехост бо ташкили як нишаст мизбони мухолифони Толибон дар Исломобод бошад. Дар пайи ин иқдом Зулмай Халилзод аз мақомоти покистонӣ шадидан интиқод намуда, ин корро дахолат дар умури Афғонистон номид.

Зулмай Халилзод шахсе буд, ки созишномаи Давҳаро ба самар расонид. Бо талошҳои ӯ Амрико бо Толибон созишномаро имзо кард ва ин созишнома заминаи хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон ва суқути ҳукумати Ашраф Ғаниро гузошт. Ӯ ҳоло дар ҳукумати Доналд Трамп ҳич мақоми расмӣ надорад. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо фаъолона мавқеъгирӣ мекунад. Ҳукумати Трамп чанде қабл муҷаввизи дастрасии ӯ ба иттилооти ҳассосро лағв кард. Ин нишон медиҳад, ки ҳукумати Трамп дигар ҷойгоҳе барои ӯ қоил нест.

Доналд Трамп дар ибтидои ба сари қудрат омадан аз шеваи хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон интиқод кард. Лоиҳаи хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон дар замони ҳукумати ӯ таҳия шуд. Аммо бо сари кор омадани Ҷо Байден барномаи хуруҷи неруҳои амрикоӣ амалӣ шуд. Хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон саҳнаи бадномӣ барои Амрико буд, зеро дар вақти хуруҷ чандин неруҳои амрикоӣ кушта шуданд ва фоҷеаи башарӣ дар Афғонистон рӯй дод.

Толибон ба аҳди худ вафо накарданд ва бархилофи ваъдаи худ вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуда, ҳукумати Ашраф Ғаниро суқут доданд.

Бил Клинтон, вазири корҳои хориҷии вақти Амрико дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, ки Ашраф Ғанӣ, ба мисли Владимир Зеленский наҷангид ва мардумашро танҳо гузошта, фирор кард. Надомати Бил Клинтон аз оҳанги суханрониаш бармало эҳсос мешуд. Дарк кардан душвор нест, ки Амрико дар ду интихоботи президентӣ, бар хилофи раъйи мардум тасмим гирифт ва касонеро ба курсӣ нишонд, ки дар интихобот бохта буданд. Лоиҳаи демократия дар Афғонистон шикаст хӯрд. Амрико барои нахустин бор аз интихоботи пур аз тақаллуб ҳимоят кард ва нагузошт номзади интихобнамудаи мардум ба курсии президентӣ нишинад.

Чор сол аз ҳокимияти Толибон мегузарад. Толибон ҳич гуна нармиш дар муқобили хостаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон намедиҳанд. Баръакс мадрасаҳои террористпарварӣ дар Афғонистон бештар шудаву қонунҳои қурунивустоӣ барои назорати мардум дар ҳоли иҷро шудан аст. Ин қонунҳо шадидан мардумро саркӯб мекунанд. Занон ва духтарон аз одитарин ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд. Гузоиши созмонҳои байналмилалӣ ривояти дарднокеро аз дохили Афғонистон ба гӯши мо мерасонанд.

Тайи чанд моҳи ахир Покистон бо лаҳни тунд аз тасмимгириҳои ҳукумати Толибон интиқод мекунад. Ба назар мерасад, маршал Осим Мунир дар пайи овардани тағйироти бунёдӣ дар дохили хоки Афғонистон аст.

Сафарҳои ахири ӯ ба Амрико ва мулоқоташ бо Трамп ва дигар роҳбарони Пентагон фақат ба манзури густариши робитаҳои дуҷониба нест, балки дар ин сафар масъалаи Афғонистон низ дар мизи гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Покистон бори дигар масъулияти тағйири ҳукумат дар Афғонистонро бар уҳда гирифтааст. Амрико бори дигар ин нақшро бар уҳдаи Покистон гузошта ва ҳоло Покистон мехоҳад ҷидитар ин нақшро иҷро кунад.

Таҳлили вазъият барои ҳич кишвар қобили қабул нест. Толибон сиёсати собит надоранд ва ҳич кас ба ваъдаҳои онҳо бовар надорад, зеро ваъдахилофии онҳо дар сиёсат бештар собит шудааст.

Дар Қандаҳор Толибон ба сохтани тунелҳои шабеҳи тунелҳои Ҳамос оғоз кардаанд. Бо дар назар гирифтани ин иқдом таҳлилгарон мегӯянд, ки Толибон эҳсос кардаанд, ки замони тағйир дар Афғонистон фаро расида ва эҳтимолан ҳукуматашон суқут мекунад.

Нигоҳи бархе кишварҳое, ки бо ин гурӯҳ робитаи дипломатӣ барқарор кардаанд, чандон рӯшан нест. Масалан, Чин, Ҳинд, Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна бисёр бо эҳтиёт бо ҳукумати Толибон робита барқарор кардаанд. Даъват нашудани онҳо дар нишасти моҳи августи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Пекин паёми дигар ба гурӯҳи Толибон аст, ки ҳалқаи манёри дипломатӣ дар сатҳи ҷаҳон ҳанӯз барои онҳо танг аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.