3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
26.08.2025 17:20

Амрико ба сафари Амирхон Мутаққӣ ба Деҳлӣ мухолифат кардааст

Бахши таҳримҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ кард, ки Ҳинд дархости худ барои маофияти сафар ба Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибонро пас гирифтааст. Ин сафар бояд аз 27-ум то 29-уми август ба Ню-Деҳлӣ анҷом дода мешуд.

Сарчашмаҳои дипломатӣ гуфтаанд, ки қаблан Ҳинд барои гирифтани иҷозатнома ба кумитаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат карда ва Амирхон Мутаққиро ба сафар даъват карда буд. Вале, ба гуфтаи манбаъҳо, мухолифати Амрико боиси бозпас гирифтани ин дархост шудааст.

Қабл аз ин, фишори Амрико боис шуд, ки Шурои амният ба сафар кардани Мутаққӣ ба Покистон розӣ нашавад ва он сафар лағв гардад.

Номи Амирхон Мутаққӣ дар феҳристи таҳримҳои Шурои амният тибқи қатъномаи 1988 ҷой дорад, ки манъи сафар барои мақомдорони Толибонро дар бар мегирад. Фақат дар ҳолатҳои махсус, монанди нишастҳои расмӣ гуфтушунидҳои сулҳ ё табобати таъҷилӣ бо тасдиқи кумита метавон иҷозаи сафар гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.