31 Октябр 2026,
шанбе, 11:28, Душанбе
26.08.2025 16:45

Роҳи байналмилалии Роғун-Обигарм-Нуробод ва се нақби он ба истифода дода шуд

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм - Нуробод оғоз бахшиданд.

Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад.

Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медбахшад.

Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рў ба рўи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт.

Вазъи мураккаби роҳ ба рушди соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт низ дар ин ноҳияҳо монеаҳои ҷиддӣ мегузошт.Ташаббус ва иқдоми наҷиби роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳи ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст.

 Нақби «35 – солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км. кутоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. Ин се иншооти муҳташами роҳу нақлиёт бо хатти алоқа ва шабакаҳои рушноидиҳӣ ва поксозии ҳаво пайваст буда, аз лиҳози сифат ва иншооту инфрасохтори зарурӣ ҷавобгўи меъёру талаботи роҳсозии байналмилалӣ мебошанд.

 Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ ба ҳаёту саломатии ронандагону мусофирон дар мавзеъҳои селомади маҳаллаҳои Қандак, Луғур, Себнок, деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф, деҳаҳои Себак, Тухтор ва дигар минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст.

 Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд.

 Сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ, насби қубурҳои обпарто ва мустаҳкамкунии нишебиҳои ноустувор истифодаи тӯлонии роҳро таъмин намуда, нуқтаҳои истироҳат бо ниҳолу дарахтони ороишӣ ба ин ҷодаи хуштарҳу нав зиннат мебахшад.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи бинокорон, ки дар бунёди роҳи Оби гарм – Нуробод саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди минтақаҳо ва дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати зиндагии мардум нақши муасир мегузорад.

Dialog.tj.

Хатти хабарҳо

31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.