31 Октябр 2026,
шанбе, 11:28, Душанбе
26.08.2025 11:34

Тоҷикобод: Манзилҳои истиқоматии нав ба сокинон супорида шуд

26 август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинсоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд.

Сафари кории Роҳбари давлат аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт. Дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо бо кӯмаку дастгириҳои Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.

Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи нав ва истифодаи маҳсулоти босифати сохтмонӣ бунёд шуда, дорои ҳуҷраҳои хоб, меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд. Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.

Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар навбати аввал барои дастрас намудани маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод расонда шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.

Барои дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз масофаи 11 километр хати оби нӯшокӣ оварда шуда, 2500 метр роҳи дохили деҳа пурра мумфарш ва кӯчаҳои он чароғон шудаанд.

Аз сабаби дар мавзеъҳои осебпазир ҷойгир будани қисми зиёди деҳаҳои ҳудуди ноҳия, Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки минбаъд манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат бунёд шаванд, ки ба офатҳои табиӣ тобовар бошанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар бо лоиҳаҳои иншооти нав, ки ояндаи наздик дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад, шинос шуданд.

Мувофиқи нақша бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар деҳаи навбунёди Лангари Шоҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 600 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд мегардад. 

Президенти кишвар пас аз шиносоӣ бо шароити манзилҳои нави истиқоматӣ ва суҳбати самимӣ бо сокинон ҳамзамон 5 иншооти нав, аз ҷумла биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи Сафедмун, бунгоҳи тиббӣ, хатти оби нӯшокӣ барои 557 хоҷагӣ, Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бинои иловагии Маркази инкишофи кӯдаконро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

 dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.