25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:43, Душанбе
26.08.2025 09:30

Толибон дар кишварҳои ҳамсояи худ мушовири нақлиётӣ гумоштанд

Вазорати нақлиёти гурӯҳи террористии Толибон хабар дод, ки дар чор кишвари ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон барои тақвият додани ҳамлу нақл мушовирони нақлиётӣ таъйин кардааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати Толибон, мақсади ин иқдом беҳтар кардани робитаҳои тиҷоратӣ ва осон намудани хизматрасониҳо барои шаҳрвандони Афғонистон мебошад. Ба гуфтаи масъулон, Афғонистон бо сабабҳои вобастагии зиёд ба роҳҳои заминии кишварҳои ҳамсарҳад барои воридот ва содирот, ба ҳамкориҳои минтақаавӣ ва рушди долонҳои тиҷоратӣ ниёз дорад, то тоҷирони афғон ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст шаванд.

Кори асосии мушовирон бартараф кардани садҳои транзитӣ, пуштибонии рушди содирот ва густариши дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Ҳамзамон, расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Курсив” хабар дод, ки Кобул ва Тошканд созишномаи ҳамкорӣ ба арзиши тақрибан  243 миллион доллар барои иҷрои чор лоиҳаи бузурги зерсохторӣ дар бахши энергетикаро ба имзо расондаанд. Ин иқдом, ба гуфтаи коршиносон метавонад на фақат робитаҳои иқтисодии ду кишварро тақвият диҳад, балки ба суботи энергетикии Афғонистон низ таъсири мусбат гузорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.