Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мавҷи барканориҳо дар Пентагон пас аз ҳамла ба Эрон
Дар Пентагон мавҷи наве аз барканориҳо оғоз шудааст, ки се мансабдори баландпояи низомӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Ин иқдом дар ҳолест, ки таҳлилгарон онро нишонаи шиддат гирифтани ихтилофот дар дохили сохтори амниятии Иёлоти Муттаҳида медонанд.
Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, Пит Ҳегсет, вазири дифои ИМА, се шахсияти калидиро аз вазифа озод кардааст: генерал Ҷефри Круз, раиси Оҷонсии иттилооти мудофиа (DIA), инчунин, ду фармондеҳи аршади нерӯҳои баҳрӣ - ноиби адмирал Нэнси Лакур ва ноиби адмирал Милтон Ҷими Сандз. Сабаби дақиқи ин тағйирот эълон нашудааст, аммо гузоришҳо нишон медиҳанд, ки барканории генерал Круз ба пешниҳоди гузорише марбут аст, ки дар он натиҷаҳои ҳамлаҳои ИМА ба муассисаҳои ҳастаии Эрон маҳдуд ва муваққатӣ арзёбӣ шудаанд.
Ин гузориш бо изҳороти қаблии президенти собиқ Доналд Трамп ва вазири дифоъ, ки аз”нобудсозии комили Барномаи ҳастаии Эрон” гуфта буданд, мухолифат дошт. Нозирон бар инанд, ки чунин ихтилоф дар раванди қабули қарор ва идоракунии низомӣ метавонад ба пояи эътимоди артиш осеб расонад.
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки сиёсатзадагии нерӯҳои мусаллаҳ дар замоне, ки ИМА бо рақобати афзояндаи Чин ва Русия рӯ ба рӯ аст, қобилияти қабули қарорҳои дақиқ ва боэътимодро коҳиш медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои аврупоӣ низ дар бораи таъсири ин рӯйдод ба иттифоқчиёни Вашингтон нигаронӣ баён мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ихтилофот ва ноустувории дохилӣ метавонад эътимоди шариконро ба раҳбарии Амрико суст кунад ва ба Эрон ва дигар бозигарони минтақавӣ фазои бештар барои фаъолият фароҳам оварад.
Шореҳон бар ин назаранд, ки ин тағйирот танҳо оғози як раванди густурдаи “поксозии сиёсӣ” дар сатҳҳои олии низомӣ ва амниятии ИМА буда, метавонад ба нуфузи байналмилалии кишвар дар миёнмуҳлат ва дарозмуддат осеб расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка