Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Мулоқоти ҳайатҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон дар минтақаи сайёҳии “Аваза”
Имрӯз дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” мулоқоти сатҳи баланд миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шуд.
Тибқи иттилоъ, Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, Роҳбари миллӣ ва Раиси халқ маслиҳати Туркманистон ба ин минтақа сафар карда, дар мулоқот ширкат кард. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ба Туркманистон сафар намуданд.
Мақомот мегӯянд, ки ин рӯйдоди байналмилалӣ ба густариши муносибатҳои кишварҳои минтақа ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Туркманистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ ва дипломатӣ, ҳамкориҳои самаранок доранд, ки барои таъмини сулҳ ва рушди устувор дар минтақа муҳим арзёбӣ мешавад.
Ташкил шудани ин мулоқоти сатҳи баланд дар соҳили Баҳри Хазар на фақат аҳамияти сиёсӣ дорад, балки ба таҳкими мақоми минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” ба ҳайси маркази баргузории чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ низ кумак мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад