Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дар Намангон гурӯҳи пинҳонии вобаста ба “Давлати Исломӣ” ошкор ва боздошт шуд
Мақомоти амниятии Ӯзбекистон мегӯянд, дар вилояти Намангон фаъолияти як гурӯҳи пинҳонии вобаста ба гурӯҳи мамнуи “Давлати Исломӣ” ошкор ва боздошт шуд. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёт 21 нафар аъзои ин созмони террористӣ боздошт шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарии гурӯҳро зани сокини ноҳияи Пап бар уҳда доштааст. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳо бо муҳтавои мамнуъ эҷод намуда, шахсони наздик ва ҳамсояҳоро ба каналҳои пинҳонӣ ҷалб кардааст. Мақомот мегӯянд, ин зан ба як муҳоҷири кории ӯзбекистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ никоҳи шаръӣ баста, мақсад дошт ба минтақаи даргирӣ равад.
Нисбати 4 боздоштшуда бо моддаҳои 244 (1) “тайёр кардан, нигоҳдорӣ ва нашри маводе, ки амнияти ҷамъиятиро таҳдид мекунад” ва 244 (2) “ташкил, роҳбарӣ ва ширкат дар созмонҳои ифротӣ ва манмуъ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳамчунин, ду нафар ба ҳабс гирифта шудаанд. Нисбати 17 нафари дигар тафтишот идома дорад.
Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ аз аъзои гурӯҳ китобҳои динӣ ва воситаҳои электронии нигоҳдории маълумот мусодира шудааст. Мақомот ҷузъиёти бештар надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад