Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Полис дар Хатлон роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаро баррасӣ кард
Милитсия дар вилояти Хатлон барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ҷомеа ҳамоиш баргузор намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаро баррасӣ намуд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатон дар мавзуи “Ҳамкории милитсия бо аҳолӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ” ҳамоиш багузор намуд, ки дар он Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд.
Шариф Назарзода дар хусуси роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа изҳори назар кард. Таъкид шуд, ки мақсад аз таъсис додани Шуро ва фаъолияти онҳо таъмин кардани амалишавии ислоҳот дар соҳаи милитсия мебошад.
Дар ин ҳамоиш робитаи зичи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамкорӣ бо он, ширкати шаҳрвандон дар таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, робитаи нозирони минтақавии милитсия бо сокинон ва ҷараёни хизматрасонии нуқтаҳои сайёри милитсия аз сӯи шахсони масъул мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Бар асоси гуфтаи масъулон ҳадафи бургузор кардани ҳамоиш тақвият бахшидани фаъолият, фароҳам кардани шароити кор барои аъзоёни шуроҳои ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ, қабл аз ҳама, ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд