Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд. Хизматрасонӣ беҳтар мегардад?
Тавре ки Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад, аз 1-уми сентябри соли равон теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ, автобус, трелейбус ва микроавтобус дар пойтахти кишвар 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки зиёд кардани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби зиёд шудани сокинони шаҳр аст, яъне хонандагону донишҷӯён аз манотиқи гуногуни кишвар барои таҳсил ба Душанбе меоянд.
Ҳамин тавр, оғоз аз сентябр дар кӯчаҳои пойтахт 380 автобус, 65 троллейбус ва 1100 микроавтобус ба сокинону меҳмонон хизмат мерасонанд. Ҳоло бошад, 308 автобус, 41троллейбус ва 950 микроавтобус фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт 30 автобуси барқӣ ва 8 микроавтобуси барқӣ фаъолият мекунанд ва тибқи нақша то охири сол шумораи онҳо ба 150 адад расонида мешавад.
Интизор меравад, ки бо зиёд шудани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилоти рафтуои мусофирон камтар мегардад ва сатҳи хизматрасонӣ беҳтар мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд