Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Пас аз вокуниши Ӯзбекистон Толибон ҳайкали Алишер Навоиро бозсозӣ мекунанд
Гурӯҳи террористии Толибон баъди вокуниш ва эътирози мақомоти Ӯзбекистон ба бозсозии ҳайкали Алишер Навоӣ оғоз кардаанд. Ду рӯз қабл, ин гурӯҳ ҳайкали Алишер Навоиро дар чорроҳаи Мазори Шариф вайрон карда буд. Арзиши лоиҳаи бозсозии ҳайкали Алишер Навоӣ 1, 5 миллион афғонӣ муайян шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Толибон баъд аз вокуниши ин ниҳод нисбат ба вайрон кардани ҳайкал изҳори таассуф намуда, ваъда додаанд, ки маҷмааи шоистае ба номи Алишер Навоӣ месозанд.
Маросими оғози корҳои бозсозӣ бо ширкати намояндагони дипломатии Ӯзбекистон дар Мазори Шариф, масъулони идораи хориҷаи Толибон дар шимоли Афғонистон ва мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Абдураҳмон Ҳиммат, шаҳрдори Толибон дар Балх гуфт, ки лоиҳа то як моҳ ба анҷом мерасад. Маҷмаа на фақат бозсозии лавҳаро дарбар мегирад, балки офаридани фазои сабз, ҷойи фароғатӣ, китобхона ва гузоштани лавҳаҳо дар хусуси зиндагӣ ва осори адабии Навоиро дарбар мегирад.
Мақомоти Ӯзбекистон қаблан дар вокуниш ба вайрон кардани ҳайкали Алишер Навоӣ гуфта буданд, ки ин кор “ба ҷойгоҳи шоистаи ин мутафаккир” муносиб нест. Толибон дар посух таъкид карданд, ки ин кор бидуни ҳамоҳангӣ бо Вазорати иттилоот ва фарҳанги онҳо сурат гирифтааст ва Алишер Навоӣ на фақат барои Ӯзбекистон, балки барои мардуми Афғонистон низ шахсияти муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайкали Амир Алишер Навоӣ тақрибан 17 сол қабл аз сӯи шаҳрдори Мазори Шариф бунёд шуда буд. Вайрон кардани ҳайкал аз сӯи Толибон ба вокунишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Роҳила Дустум, духтари Абдурашид Дустум ин амалро “нишонаи душмании Толибон ба мероси фарҳангии кишвар” номид. Як созмони иҷтимоии туркнажодони Афғонистон ин иқдомро идомаи сиёсати “фарҳангситезона ва ҳувиятзудоёнаи Толибон” номида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”