25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
20.08.2025 14:28

Толибон ҳайкали Алишер Навоиро аз бех канданд

Гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми нав ҳайкали шоири машҳури ӯзбек Алишер Навоиро дар Мазори Шариф комилан вайрон намуданд.

Раиси шаҳри Мазори Шариф, ки аз сӯи Толибон таъйин шуда буд, дастури вайрон кардани ҳайкали Алишер Навоиро содир намудааст.

Бар асоси иттилои расонаҳои маҳаллӣ қаблан Толибон қисмате аз ҳайкали Алишер Навоиро вайрон намуда буданд ва ҳоло онро комилан аз байн бурдаанд.

Ин иқдом ба мавҷи нафрат ва вокунишҳои шадиди фарҳангиён ва сиёсатмадорони турк боис шудааст.  Онҳо мегӯянд, ин амалкарди Толибон на фақат беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии қавмҳои мухталифи Афғонистон аст, балки таҳқир ва нодида гирифтани арзишҳои муштараки умумибашарӣ мебошад.

Ҳайкали Алишер Навоӣ дар замоне, ки Ато Муҳаммади Нур, раиси вилояти Балх буд, аз сӯи раиси ин шаҳр гузошта шуд. Толибон пас аз 17 сол ин ҳайкалро комилан аз маркази шаҳр бардоштанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.