25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
20.08.2025 07:31

Толибон 13 нафарро дар Тахор барои навохтани мусиқӣ боздошт карданд

Як мақоми полиси гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Тахор гуфт, ки 13 нафарро барои навохтани мусиқӣ дар ноҳияи Бангӣ боздошт кардааст.

Ба асоси гузориши расонаҳо боздоштшудагон дар вақти иҷрои мусиқӣ боздошт шудаанд, вале маълум нест, ки бо онҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард ва чӣ гуна ҷазо хоҳанд дод.

Ин хабар дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон қабл аз бозгашт ба қудрат борҳо аз тағйир ва нишон додани чеҳраи боэътидол сухан гуфта буданд, вале ба гуфтаи нозирон, то кунун ҳич гуна дигаргуние дар сиёсатҳои ин гурӯҳ мушоҳида намешавад.

Гурӯҳи террористии Толибон мусиқиро ҳаром ва яке аз мункарот мешуморанд ва дар солҳои гузашта низ амалҳои ифротӣ бар зидди он анҷом дода буданд. Дар даври аввалини ҳукмронии худ онҳо асбобҳои мусиқиро мешикастанд ва месӯзонданд - иқдоме, ки ҳоло низ идома дорад.

Дар соли гузашта Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон хабар дода буд, ки беш аз 21 ҳазору 382 асбоби мусиқӣ аз ҳамаи Афғонистон ҷамъоварӣ ва нобуд шудааст.

Ба гуфтаи таҳилгарон ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки бар хилофи ваъдаҳои қаблӣ гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз ҳам сиёсати сахтгиронаи иҷтимоиро идома медиҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.