Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Рӯзномаи амрикоӣ: Эрон барои ҳифзи субот бо Толибон муомила мекунад
Як рӯзномаи амрикоӣ навиштааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи амнияту субот дар Эрон бо Толибон муомила мекунад.
Рӯзномаи амрикоии "The National Interest" дар матлабе навишт, ки Теҳрон бо густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иттилоотӣ бо гурӯҳи террористии Толибон, ки ин ҳамкориҳо аксаран дар сатҳи ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ анҷом мешавад, дар пайи ҳифзи амният ва субот аст. Бо вуҷуди ин ҳамкориҳои пинҳонӣ, Эрон ҳозир нест, ки гурӯҳи Толибонро ба расмият шиносад.
Тибқи навиштаи ин рӯзнома Эрон аз замони ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон аз рӯёрӯии ошкоро бо ин гурӯҳ худдорӣ мекунад. Эрон бештар дар масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо таҳдидҳои ДОИШ-и Хуросон, қочоқи маводи мухаддир ва баҳсҳои обӣ дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ мекунад.
Ба навиштаи рӯзнома ин сиёсат аз сӯи Теҳрон бештар ба ҳайси як иқдоми ҳисобшуда барои ҳифзи суботи дохилӣ ва минтақавӣ арзёбӣ мешавад, на чун эътирофи расмии ҳукумати гурӯҳи Толибон.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка