Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Рамзи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030” муаррифӣ мешавад
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамз ё логотипи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030”-ро муаррифӣ мекунад.
“Ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, ки масъули татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ мебошад, мо ин рамзро ҳамчун нишони ягона ва муттаҳидсозандаи тамоми ташаббусҳо дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030” арзёбӣ менамоем”, - таъкид мекунад манбаъ.
Масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, ки рамзи мазкур вазифаҳои зеринро иҷро хоҳад кард: баланд бардоштани шинохт ва нуфузи барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои миллӣ дар соҳаи рақамӣ; мусоидат ба ҳамкории мутақобилаи судманд байни давлат, бахши хусусӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; таъмини садоқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои рақамии ҷаҳонӣ.
Гуфта мешавад, ки рамзи таҳиягардида дар тамоми чорабиниҳо, муошират ва пойгоҳҳои расмӣ, ки бо “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия 2025-2030” вобастагӣ доранд, истифода шуда, симои ягона ва шинохташавандаи ҳадафҳои умумии моро таъмин хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод