Фаъолияти дипломатии Сафири Украина дар Тоҷикистон ба охир расид
Сарвари давлат дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Сафари кории Пешвои миллат ба Рашт аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани фурудгоҳ оғоз шуд
Ҷонибек Ҳикмат ва Мигел Моратинос масъалаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC-ро баррасӣ карданд
Ифтитоҳи бинои РВКД дар Душанбе. Президенти кишвар ва раиси шаҳр бо имконоти он шинос шуданд
Имрӯз, 19-уми август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардида, он аз чор қисм ва 10 ошёна иборат буда, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шудааст.
Афзуда мешавад, ки бинои мазкур дорои 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд ва волейбол мебошад.
Дар хабарнома зикр мегардад, ки кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Ҳамчунин, ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд