Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Дар чорумин соли ҳукумати Толибон Фарҳоди Дарё “Хоки хаста” -ро нашр кард
Фарҳоди Дарё, ҳунарманди саршиноси Афғонистон дар чорумин солгарди ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон сурудеро бо номи “Хоки хаста” нашр кард.
Ӯ ҳамроҳ бо пахши ин сурад чунин навишт: “Ҳама қиссаҳоро ба осонӣ ба забон оварда намешавад, бинобар ин, ман “Хоки хаста” –ро гирифтам”.
Дар бораи ҳадафи эҷоди ин суруд Фарҳод Дарё ба мухлисонаш паём дод, ки “тамошо кунед, эҳсос намоед, шарик гиред ва ба ин хоки хаста биёмурзед. Нагузоред барои худ ва барои хоки худ дурӯғ бигӯед”. Ӯ илова кард, ки дар сафари талхи чорсолаи ин кишвар, хоки хаста танҳо набудааст.
Фарҳоди Дарё итминон додааст, ки хастагӣ ва ранҷи мардум ва ватани худро дар ин чор сол бо тамоми вуҷуд эҳсос ва зиндагӣ кардааст.
Матни сурудро Суҳроб Сират, шоири балхии муқими ғурбат навиштааст, ки Афғонистонро дар ин оҳанг ба “қаиқе саргардон ва дар гил нишаста” монанд кардааст.
Дарё дар ин асар хастагӣ, дилшикастагӣ ва оворагии мардумро бо забони ҳунар ба тасвир кашидааст. Афғонистони имрӯзро ӯ ба “захми кӯҳна, захми боз ва ранҷи сад набард” ташбеҳ кардааст.
Нашри ин суруд ҳамзамон бо таҷлили Толибон аз чорумин солгарди тасаллути онҳо бар Афғонистон иттифоқ афтод, солгарде, ки бо манъи овозхонӣ, навохтани мусиқӣ ва пардохтан ба ҳунар ҳамроҳ аст.
Толибон баъди бозгашт ба қудрат дар соли 1400 пахш ва нашри мусиқиро манъ карда, факултаи ҳунарҳои зеборо аз сохтори таҳсилоти олии кишвар хориҷ кардаанд. То кунун даҳҳо нафар ба хотири шунидан ва навохтани мусиқӣ дар Афғонистон боздошт шуда, асбобҳои мусиқӣ шикаста шудаанд.
То кунун даҳҳо нафар ба иттиҳоми пардохтан ба суруд ва ҳунар боздошт ва шиканҷа шудаанд ва садҳо асбоби мусиқӣ сӯзонда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”