3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
19.08.2025 12:04

Трамп: “Бо Путин тамос гирифтам”. Омодагиҳо барои нишасти сеҷонибаи Украина ва Русия оғоз шуд

Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъд аз мулоқот бо Владимир Зеленский ва роҳбарони аврупоӣ дар Кохи сафед гуфт, ки бо Владимир Путин, Президенти Русия тамоси телефонӣ дошт ва омодагиҳо барои баргузор шудани нишасти сеҷониба миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Украина оғоз шудааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, дар ин мулоқот Владимир Зеленский, Президенти Украина, ҳамчунин, роҳбарони Британия, Фаронса, Олмон, Италия, Финландия, раиси Комиссияи Аврупо ва Дабири кулли НАТО ширкат доштанд. Ба гуфтаи Трамп, онҳо асосан барои замонатҳои амниятӣ барои Украина, ки бо ҳамоҳангии ИМА аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ пешниҳод хоҳад шуд, гуфтугӯ намуданд.

“Дар фарҷоми дидорҳо бо роҳбарони аврупоӣ ва Зеленский бо Путин тамос гирифтам ва тартиботи аввалияи нишасти рӯ ба рӯи Путин ва Зеленскийро оғоз намудам. Пас аз он мулоқот, нишасти сеҷониба бо ширкати ман низ доир хоҳад шуд. Ин қадами муҳим ва ибтидоӣ барои ҷангест, ки наздик ба чор сол идома дорад”- гуфт Доналд Трамп.

Президенти Амрико афзуд, ки тасмим дар хусуси ояндаи ҷанг дар Украина шояд дар давоми як ё ду ҳафтаи оянда рӯшан шавад: “Дар ин муддаи кӯтоҳ мушаххас мешавад, ки оё метавонем роҳи ҳал пайдо кунем ё ҷанги харобиовар идома хоҳад кард. Мо тамоми талошро барои поёни ҷанг идома медиҳем”.

Владимир Зеленский низ дар нишасти муштарак афзуд, ки агар мулоқоти рӯ ба рӯ бо Путин доир шавад, имкони расидан ба сулҳ бештар мегардад.

Бархе расонаҳо навиштанд, Доналд Трамп умедвор аст, ки мулоқоти Владимир Зеленский ва Путин дар ҳафтаҳои ахир баргузор хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.