Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сарвазири Олмон Мертс: “Натиҷаҳои нишасти Кохи сафед болотар аз интизорамон буд
Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон баъд аз нишасти муштараки Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва роҳбарони аврупоӣ дар Кохи сафед гуфт, ки “натиҷаҳои ин мулоқот болотар аз интизорамон буд”.
“Эҳсос мешавад, ки рӯзҳои наздик барои Украина бисёр сарнавиштсоз мебошанд. Ман мутмаин нестам, ки Путин ҷасорати ширкат дар нишасте бо ҳузури Зеленскийро дошта бошад, вале мо аз изҳороти Трамп дар хусуси замонатҳои амниятӣ барои Украина истиқбол мекунем”- гуфт Фридрих Мертс.
Нишасти Вашингтон бо ширкати Доналд Трамп ва Владимир Зеленский ва роҳбарони Британия, Фаронса, Олмон, Италия, Финландия, раиси Комиссияи Аврупо ва Дабири кулли НАТО доир шуд. Ба гуфтаи Доналд Трамп гуфтугӯҳо бештар дар атрофи замонатҳои амниятӣ барои Украина ва ҳамоҳангии ин раванди сиёсӣ миёни Вашингтон ва Аврупо сурат гирифт.
Президенти Амрико баъди мулоқотҳо гуфт, ки бо Владимир Путин суҳбати телефонӣ дошта ва омодагиҳо барои баргузории нишасти рӯ ба рӯи Путин ва Зеленский оғоз шудаанд. Ӯ афзуд, ки баъд аз он нишаст мулоқоти сеҷониба бо ширкати худ низ баргузор мегардад.
Доналд Трамп афзуд, ки ин қадам метавонад оғози роҳи ҳалли низое бошад, ки қариб чор сол боз идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, муовинаш Ҷей Ди Вэнс, вазири хориҷи Амрико Марко Рубио ва намояндаи вижа Стив Уиткофф барои ҳамоҳангӣ бо Маскав ва Киев масъул шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка