Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
СММ: нисфи аҳолии Афғонистон ба кумаки фаврӣ ниёз доранд
Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки нисфи аҳолии Афғонистон дар шароите зиндагӣ мекунанд, ки бе кумакҳои фаврӣ наметавонанд ниёзҳои асосии худро таъмин намоянд.
Стефан Дюжаррик, сухангӯи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ гуфт, вазъи башардӯстона дар Афғонистон ҳамоно буҳронӣ боқӣ мондааст ва миллионҳо нафар барои идомаи зиндагӣ ба ҳимояти байналмилалӣ ниёз доранд. Ӯ гуфт, ки ниҳодҳои байналмилалӣ дар расондани кумакҳои фаврӣ, аз ҷумла ғизо, оби нӯшокӣ, хизматрасонии тиббӣ ва сарпаноҳ нақши ҳаётӣ доранд.
Вай ҳушдор дод, ки коҳиши ин кумакҳо метавонад вазъиятро боз ҳам бадтар кунад. Стефан Дюжаррик таъкид кард, ки чор сол пас аз таҳаввулоти сиёсӣ дар ин кишвар фишорҳои иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ осебпазирии мардумро бештар карда, ҳазорон оиларо дар остонаи фақри шадид қарор додааст. Дар айни ҳол сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ки созмонҳои кумакрасон барои идомаи фаъолият ба маблағгузории бештар ниёз доранд ва ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз шиддат гирифтани буҳрони башардӯстона дар Афғонистон бояд иқдоми фаврӣ анҷом диҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”