Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Сафири Ҳинд дар бораи таҳкими робитаҳои дӯстона бо Файзалӣ Идизода гуфтугӯ кард
Файзалӣ Идизода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуда, дар бораи густариш ва таҳким додани ҳамкориҳои дӯстона гуфтугӯ намуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байнипарламентии ду кишварро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон бо ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Нерандра Моди пайваста дар ҳоли рушд аст. Зикр шуд, ки бар асоси робитаҳои дуҷониба имрӯз дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои ҳарбиву амниятӣ ҳамкорҳо густариш меёбанд. Ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар оянда низ таҳким ёфта, ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни қонунгузорӣ ва ташаббусҳои мутақобил мусоидат хоҳанд кард.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд