Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Норвегия: Афғонистон беш аз ҳар замони дигар ба кумаки фаврӣ ниёз дорад
Раиси Шурои муҳоҷирони Норвегия Ян Эгеланд мегӯяд, ки вазъияти кунунии Афғонистон нисбат ба гузашта буҳронӣ шуда ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷои канораҷӯӣ, барои расондани кумакҳои башардӯстона ва рушди иқтисодӣ бояд иқдом намоянд.
Ӯ дар паёме ба муносибати чорумин солгарди бозгашти Аморати Исломӣ ба қудрат ҳушдор дод, ки беэътиноӣ ба Афғонистон метавонад паёмадҳои густурдаи инсонӣ ба бор оварад. Эгеланд аз кишварҳои донор даъват кард, ки ҳузури дипломатии худ дар Афғонистонро аз сар гиранд.
Ба гуфтаи ӯ, бозгашти намояндагони сиёсӣ ба Кобул метавонад заминаи ҳамкории мустақимро фароҳам кунад ва талошҳо барои ҳимоя аз ҳуқуқи занону духтарони афғонро тақвият бахшад.
Чор сол қабл, баъд аз тағйироти сиёсӣ дар Афғонистон кишварҳои зиёде сафоратҳои худро бастанд ва кумакҳояшон оид ба рушд коҳиш ёфт.
Ин иқдом ҳамроҳ бо мушкилоти иқтисодӣ, хушксолӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ боиси шиддат гирифтани буҳрони башардӯстона дар кишвар шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки идомаи ин раванд метавонад миллионҳо афғонро бо камбуди захираҳои аввалия ва нақзи густурдаи ҳуқуқи иснон рӯ ба рӯ созад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”