Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон ва Русия дурнамои ҳамкориҳои содиротиро баррасӣ карданд
12-уми августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон доир гардид.
Бар асоси иттилои Агентии содирот дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши содирот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳимми мулоқот таъсиси маркази муштараки содиротию логистикӣ дар вилояти Хатлон буд. Пешниҳод шуд, ки барои сохтмон ва ба истифода додани марказ ширкат ва бонкҳои манфиатдори русӣ ҷалб карда шаванд. Намояндагони тиҷоратии Русия омодагии худро барои мусоидат дар ҷустуҷӯи сармоягузорӣ барои татбиқи ин ташаббус изҳор намуданд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Тоҷикистон имкониятҳои васеъ барои содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ ва мавсимӣ, ҳамчунин, молҳои саноатӣ дорад ва омода аст, ҳамкории фаъол бо марказҳои бузурги савдои Русияро рушд диҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд